ба раиси истории мухолифи аз олмон ба точикистон
Хабарҳо
Мақомоти Лаҳистон (Полша) гуфтанд, беш аз 200 муҳоҷире, ки дар марз бо Беларус ва дар хунукӣ мондаанд, кӯшиш карданд, вориди ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо шаванд.
Марзбонҳои Лаҳистон рӯзи 13-уми ноябр 223 кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳадро сабт кардаанд. Пулис мегӯяд, 22 шаҳрванди Ироқро дастгир намуд.
Полша ҳамчунин шахсони гумонбар ба қочоқи муҳоҷиронро боздошт кардааст, ки ду нафари онҳо шаҳрванди Гурҷистон ҳастанд.
Иттиҳоди Аврупо ҳокими худкомаи Беларус Александр Лукашенкоро ба ташкили парвози муҳоҷирон ва бурдани онҳо ба марзҳои шарқияш муттаҳам мекунад.
Брюссел бовар дорад, Лукашенко қасоси таҳримҳои пас аз интихоботи баҳсбарангези президентии соли гузаштаро гирифтанист.
Ҳукумати Лукашенко иттиҳомҳои Иттиҳоди Аврупоро рад мекунад. Баръакс, Минск иддао дорад, ки Лаҳистон ва Иттиҳоди Аврупо бо радди дархости муҳоҷирон ҳуқуқи башарро поймол намудаанд.
Интизор меравад, дар пасманзари печидатар шудани мушкил дар марзи Лаҳистон бо Беларус, вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 15-уми ноябр дар Брюссел ҷамъ оянд.
Онҳо бастаи нави таҳримҳоро алайҳи Беларус қабул хоҳанд кард, ки метавонад “Belavia”, ширкати давлатии ҳавопаймоии Беларусро барои нақшаш дар кашондани паноҳҷӯён нишон бигирад.
Шарҳҳоро бинед
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Қадам Исматов, фаъоли тоҷикро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаанд
Идораи шиносномадиҳии шаҳри Саратови Русия фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Қадам Исматовро дар бораи бекор шудани шаҳрвандиаш дар он кишвар хабардор кардааст.
Исматов рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, пайваста дар Интернет аз камбудҳои мақомоти Тоҷикистон менависад ва баъди лағви шаҳрвандиаш аз эҳтимоли истирдод шудан ба кишвар нигарон аст.
Раёсати корҳои дохилии Саратов моҳи марти соли гузашта масъалаи бекор кардани шаҳрвандии Қадам Исматови 58-соларо дар миён гузошта буд. Вале додгоҳ қазияро моҳи декабри соли 2020 ба фоидаи ӯ ҳал кард.
Қадам Исматов гуфт, мақомоти Русия шаҳрвандии ӯро 22-юми сентябри имсол бекор кардаанд, вале ӯ фақат се рӯз пеш тавассути почта огоҳ карда шудааст.
Исматов пас аз адои хидмати сарбозӣ дар Русия, аз соли 1993 ба ин тараф дар Саратов зиндагӣ мекунад. Фаъоли тоҷик мегӯяд, пас аз он ки моҳи декабри соли гузашта дар додгоҳ пирӯз шуд, бо хотири ҷамъ мегашт, ки мавзуъ дигар пӯшида шудааст.
Созмонҳои ҳуқуқи башар борҳо боздошту истирдоди мухолифони режими Душанберо аз Русия ба Тоҷикистон танқид кардаанд.
Шарҳҳоро бинед
Муҳаммадхон Эгамов, яке аз афроди наздик ба Иззат Амонро дар Русия дастгир кардаанд
Ба иттилои дарёфтӣ, Муҳаммадхон Эгамов, яке аз афроди наздик ба Иззат Амонро дар шаҳри Маскав боздошт кардаанд. Чанде аз дӯстони ӯ бо шарти фош нашудани номашон гуфтанд, ба Эгамов «эҳтимоли истирдод ба Тоҷикистон таҳдид мекунад».
Наздиконаш дар Душанбе мегӯянд, як ҳафта боз бо ӯ тамос надоранд. Мақомоти Русия ва Тоҷикистон хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.
Яке аз дӯстони Муҳаммадхон Эгамов дар Маскав рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро дар Боздоштгоҳи муваққатии рақами 4, дар ноҳияи Медведковои пойтахти Русия, нигаҳ медоранд.
Ҳамсуҳбати мо бо шарти фош нашудани ном гуфт, «ӯ дар рӯйхати шахсоне ҳаст, ки бояд истирдод карда шаванд.» Кӯшиши мо барои фаҳмидани асли қазия аз мақомоти Русия то ин дам бенатиҷа буд.
Баъзе аз кормандони пешини «Маркази тоҷикон» дар Маскав гуфтанд, Муҳаммадхон Эгамов соли гузашта, дар авҷи пандемия, ихтиёрӣ як муддат бо мошинааш ба онҳо ёрӣ расондааст.
Боздошти Эгамов дар ҳолест, ки вакили мудофеи шинохтаи тоҷик, Шӯҳрат Қудратов, рӯзи 13-уми ноябр аз он нигаронӣ карда буд, ки эҳтимол Русия бо дархости Тоҷикистон ӯро ба Душанбе таслим кунад.
Қудратов тақрибан се сол боз дар Русия ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик машғул аст ва то як моҳ пеш дар созмони «Маркази тоҷикон» кор мекард. Ӯ иддао дорад, ки ба иттилои дарёфтиаш як гуруҳ аз намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои бурдани ӯ ба Маскав рафтаанд.
Як мансабдори вазорат хабарро тасдиқ накард, вале ҳамзамон гуфт, вакили мудофеъ ба ҳамкорӣ бо Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар Аврупо, гумонбар аст. Шӯҳрат Қудратов иттиҳомро инкор кард.
Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, аз эҳтимоли аз Русия ба Тоҷикистон «бурда шуданаш» нигарон аст
Сӯҳроби Ҷаҳон, корманди дигари «Маркази тоҷикон» дар Маскав, рӯзи 12-уми ноябр гуфт, ӯ ҳам аз эҳтимоли ба Душанбе бурда шуданаш огоҳ шудааст, аммо ҳанӯз ба таври расмӣ хабаре нагирифтааст.
Кормандони «Маркази тоҷикон» дар гузашта гуфта буданд, ки намояндаҳои УБОП тавассути пайвандонашон ба онҳо ҳушдор додаанд, ки агар довталабона наоянд, истирдод карда хоҳанд шуд.
Иззат Амон, раиси «Маркази тоҷикон» дар Маскавро моҳи гузашта дар Тоҷикистон бо гуноҳи қаллобӣ ба 9 сол зиндон маҳкум карданд. Ҳоло ӯ ва пайвандонаш бозбинии ҳукмро талаб доранд.
Шарҳҳоро бинед
Сӯхтор дар шифохонаи Булғористон ҷони 3 мубталои COVID-ро гирифт
Мақомоти Булғористон гуфтанд, ки дар натиҷаи сӯхтор дар шифохонаи шаҳри Сливен се мубталои бемории коронавирус ҷон бохтаанд.
Ба иттилои расмӣ, сӯхтор соати сеи шаби 14-уми ноябр дар утоқе рӯй дод, ки дар онҷо се нафар аз COVID-19 муолиҷа мегирифтанд. Ду нафари онҳо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, сеюмӣ дертар бар асари захмҳои бардоштааш ҷон бохтааст.
Мақомот мегӯянд, сӯхторро хомӯш карданд ва ҳоло сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Сирояти бемории коронавирус дар Булғористон дар ҳоли густариш аст.
Мақомоти он кишвар рӯзи 14-уми ноябр дар бораи бистарӣ будани беш аз 8 ҳазор кас хабар доданд. Аз ин шумора зиёда аз 700 нафар дар шуъбаи эҳё ҳастанд. Дар ин кишвари 7-миллионнафарии Аврупо теъдоди камтари одамон эм карда шудаанд.
Шарҳҳоро бинед
Боздошти раиси дафтари «Ал-Ҷазира» дар Судон
Телевизиони «Ал-Ҷазира» мегӯяд, ки нерӯҳои амниятии Судон ба хонаи раиси дафтари ин шабака дар Хартум ҳамла карда, ӯро дастгир намудаанд. «Ал-Ҷазира» хабарро рӯзи 14-уми ноябр нашр кард, вале ҷузъиёт надод.
Боздошти раиси дафтари «Ал-Ҷазира» дар пойтахти Судон пас аз он рӯй дод, ки рӯзи шанбе дар Хартум панҷ норозиро куштанд.
Хартум ва шаҳрҳои дигари Судон саҳнаи эътирозҳои густарда алайҳи ишғоли қудрат аз тарафи артиши ин кишвар ҳастанд.
Ҳазорон судонӣ бо нишони эътироз алайҳи барканории ҳукумати Абдуллоҳ Ҳамдук, сарвазири пешини Судон, дар охири моҳи октябри имсол ба кӯчаҳо баромадаанд.
Табаддулот ё кудетои артиш сабаб шуд, ки Ғарб низ садҳо миллион доллар кумакашро ба Судон боздорад.
Шарҳҳоро бинед
Як хабарнигори телевизион дар Кобул кушта шудааст
Бар асари таркиш дар мусофирбаре дар маҳаллаи шианишини Дашти Барчии шаҳри Кобул як хабарнигори маъруфи Афғонистон кушта шудааст. Ҳодиса рӯзи 13-уми ноябр рӯй дод.
Маркази хабарнигорони Афғонистон дар Твиттер иттилоъ дод, ки дар таркиш Ҳомид Сайғонӣ, корманди телевизиони «Ориёно», ҷон бохт.
Ҳамсари Сайғонӣ, ки низ рӯзноманигор аст, дар паёме дар Фейсбук марги ӯро тасдиқ кард. Вай навишт, ки «ман Ҳамидро аз даст додам.»
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи «Толибон», мегӯяд, инфиҷори мусофирбар дар маҳаллаи Дашти Барчӣ зоҳиран бар асари сӯхтор рух додааст. Ба гуфтаи вай, дар ин ҳодиса ба камияш як ғайринизомӣ кушта шуда, чаҳор нафар бо захмҳои гуногун дар шифохона бистарӣ гардидаанд.
Муҷоҳид гуфт, таҳқиқи ҳодиса аз ҷониби “Толибон” идома дорад.
То ба ҳол масъулияти ҳамларо касе ба уҳда нагирифтааст. Дар гузашта ҳамла ба масҷиду маҳаллаҳои шианишинро дар Афғонистон шохаи «Хуросон»-и гуруҳи тундрави «Давлати исломӣ» ё ДОИШ ба дӯш гирифта буд.
Шарҳҳоро бинед
Дар зиндони Эквадор беш аз 90 кас кушта ва захмӣ шудаанд
Мақомоти Эквадор гуфтанд, ки дар задухӯрди нав байни гуруҳҳои рақиб дар зиндони Литорали шаҳри Гуякил ба камияш 68 маҳбус кушта шуда, 25 нафари дигар захмӣ гардиданд.
Даргирӣ рӯзи 12-уми ноябри имсол ва пас аз он сар задааст, ки раҳбари як гурӯҳи ҷиноиро пеш аз муҳлат озод карданд.
Занозанӣ дар зиндон то 14-уми ноябр идома дошт. Мақомоти пулиси Эквадор гуфтанд, дар дохили маҳбас силоҳу маводи тарканда ва теғ ёфтанд.
Дар моҳи сентябри имсол ҳангоми задухӯрд байни аъзои гурӯҳи рақиб дар зиндони Литорали шаҳри Гуякил беш аз 100 маҳбус кушта шуда буданд. Даргирӣ замоне хотима ёфт, ки садҳо афсар ва сарбози артиш ба зиндон ворид шуданд.
Шарҳҳоро бинед
Ҳушдори генерал Картер аз тағйири «хусусияти ҷанг» дар ҷаҳон
Як мансабдори баландпояи низомии Бритониё аз тағйири «хусусияти ҷанг» дар ҷаҳон ҳушдор дод.
Генерал Ник Картер рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо радиои «Таймс» гуфт, ҷаҳон дар даҳсолаҳои охир бо хатари «ҳисоббаробаркунӣ» рӯбарӯ аст ва он метавонад, ба ҷанг миёни Русия ва Ғарб сабаб шавад.
Вай ба тамоюли душманон барои истифода аз ҳар васила, аз ҷумла паноҳҷуён, арзиши нафт, ҷангҳои ниёбатӣ ва ҳамлаҳои кибернетикӣ, ишора кардааст. Ба қавли Картер, абзорҳо ва усулҳои дипломатии суннатӣ аз байн рафтаанд.
Изҳороти генерали бритониёӣ дар ҳоле иброз шудааст, ки танишҳо дар сарҳади Полша (Лаҳистон), узви Иттиҳоди Аврупо ва Беларус, муттафиқи Русия, афзоиш ёфтааст. Дар онҷо ҳазорон муҳоҷир аз Ховари Миёна ба умеди расидан ба Ғарб ҷамъ шудаанд.
Мақомоти Амрико ва Аврупо ҳамвора дар мавриди таҳдиди ҳамлаи низомии Русия ҳушдор медиҳанд. Бар асоси гузоришҳо, нерӯҳои Русия дар наздикии сарҳади ин кишвар бо Украина тамаркуз кардаанд.
Шарҳҳоро бинед
Вазорат мегӯяд, коронавирус як нафари дигарро бемор кард
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар як шабонарӯзи гузашта як мавриди нави гирифторӣ ба бемории COVID-19- ро сабт кардааст.
Ба гуфтаи вазорат дар ин муддат 3 гирифтори беморӣ шифо ёфтаанд. Аз замони оғози пандемия дар соли 2020 ба гуфтаи вазорати тандурустии Тоҷикистон, коронавирус ба бештар аз 17 ҳазор нафар сироят карда ва 124 нафарро куштааст.
Оморе, ки на ҳама бовар доранд ва мегӯянд, миқёси сироят ва маргу мир аз он ба маротиб зиёдтар аз омори расмист. Айни замон хабаргузории давлатии “Ховар” навиштааст, ки дар Тоҷикистон бештар аз 2 миллиону 700 ҳазор нафар ваксинаи зидди COVID-19-ро гирифтаанд, ки 47.3 дар сади аҳолиеро ташкил медиҳад, ки бояд ваксина бигиранд.
Шарҳҳоро бинед (1)
Як имоми масҷидро дар Доғистон куштаанд
Дар Доғистон имоми масҷиди як деҳаро бинобар даъвову кашмакаш барои замин куштаанд. Бино ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ ҳодиса дар деҳаи Аметеркмахӣ дар 120 километрии маркази Доғистон шаҳри Махачқалъа сурат гирифтааст.
Як фарди мусаллаҳ бо туфанг ба имоми масҷиди деҳа Обид Магомедов ҳамла карда ӯро куштааст ва писару ҷиянашро маҷруҳ кардааст. Бино ба гузоришҳо сабаби тирандозӣ ҷанҷол барои порчаи замин байни ҳамдеҳагон будааст. Ҳамлаварро яке аз хешовандони маҷруҳи имоми масҷид бо зарби корд дар гарданаш куштааст.
Дар ҷойи ҳодиса ду туфангча ва як автомат пайдо кардаанд ва фарди мусаллаҳ Асадулло Раҳмонови 62-солаи бознишаста будааст. Дар вазорати умури дохилии Доғистон хабари ҳамлаву қатлро тасдиқ карда ва гуфтаанд, ки парвандаро Кумитаи тафтишотии Доғистон таҳқиқ мекунад.
Панҷ кишвар Созмони Кишварҳои Туркзабонро таъсис доданд
Аъзои Шӯрои Ҳамкории Кишварҳои Туркзабон дар Истанбул эълон карданд, ки номи шӯро ба Созмони Кишварҳои Туркзабон табдил медиҳанд. Баёния дар ин бора нашрияи “Ҳуррият”-и Туркия хабар дода ва гуфтааст, ки эъломия дар ин бора дар нишасти сарони кишварҳои узв дар шаҳри Истанбул рӯзи 12-уми ноябр имзо шудааст.
Дар эъломия ҳамчунин дар бораи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи апрели имсол гуфта, “аз муколама байни ду кишвар” истиқбол кардаанд.
Шӯрои Ҳамкории Кишварҳои Туркзабон соли 2009 таъсис ёфт ва дар он Озарбойҷону Қазоқистон, Қирғизистону Туркия ва Узбекистон аъзо ҳастанд. Туркманистону Маҷористон ҳамчун кишвари нозир пазируфта шудаанд. Туркманистон ин дафъа низ аз узвият дар ин созмон худдорӣ варзидааст.
COVID-19 дигарбора гиребони Аврупоро гирифт
Авҷ гирифтани бемории COVID-19 дар Аврупо чанде аз кишварҳои минтақаро маҷбур кард, ки барои роҳ надодан ба густариши бештар маҳдудиятҳои гаштугузору фаъолиятҳои иқтисодиро баргардонанд.
Бо вуҷуди ваксинзании зиёд ва соҳаи хуби тандурустӣ аз аввали моҳи октябр теъдоди гирифторони беморӣ ҳар ҳафта дар чанде аз кишварҳои Аврупо зиёдтар мешавад. Ҳоло теъдоди беморон ба ҳадде зиёд шудааст, ки аз замони оғози пандемия дида нашуда буд. Дар як ҳафтаи гузашта вирус дар Аврупо ба бештар аз 2 миллиону 100 нафар сироят кардааст.
Бритониё, Олмону Русия, Туркия ва Украина гуфтанд, ки дар ҳафтаҳои ахир теъдоди беморон 50 дар сад афзоиш ёфтааст. Талафот аз СОVID-19 ҳам зиёд шудааст. Ҳолланд гуфт, ки барои пешгирӣ аз суръат гирифтани сироят, дар баъзе аз шаҳру манотиқ карантини сеҳафтаина ҷорӣ мекунад.
Австрия гуфт, дар ду минтақаи кишвар онҳое, ки ваксина нагирифтаанд, ҳақ доранд, фақат дар сурати зарурат аз хона берун оянд. Ин маҳдудият аз рӯзи 15-уми ноябр сар мешавад. Дар Олмон агарчӣ беморӣ зиёд шудааст, вале мақомот аз эълони маҳдудият ва ваксинзании ҳатмӣ худдорӣ кардаанд.
Аҳднома дар бораи тағйири иқлим ҳанӯз ҳам ниҳоӣ нашудааст
Гуфтугуҳои байналмилалӣ дар бораи тағйири иқлим дар Шотландия идома кард, ҳарчанд бояд бар асоси барнома бояд ба поён мерасид. Намояндагони кишварҳои ҷаҳон дар нишасти Созмони Милал саъй доранд, сари созише ба мувофиқа бирасанд, ки ҳадафи он роҳ надодан ба идомаи гармоиши курраи Замин аст.
Нишасти COP26 ду ҳафта боз идома дорад ва бояд рӯзи 12-уми ноябр ба поён мерасид. Баргузоркунандагонаш мегӯянд, умедворанд, созиши ниҳоиро рӯзи 13-уми ноябр эълон мекунанд. Музокирот дар бораи масоили ҳалношуда ба мисли ёрона додан ба соҳаи нафту газ ва кумакҳои молӣ ба кишварҳои фақир идома дошт.
Алок Шарма, вазири бритониёӣ, ки музокиротро раҳбарӣ мекард, гуфт, ки онҳо то ҳол “роҳи дарозеро паймудаанд” ва ҳоло бояд ҷидду ҷаҳд кунанд, то ба поёни ин “роҳи муштарак” бирасанд. Ба қавли Алок Шарма, тарҳи ислоҳшудаи аҳднома бояд рӯзи 13-уми ноябр эълон шавад.
Барои қабули аҳднома ризоияти ҳамаи тақрибан 200 кишвари дунё лозим аст, ки созиши тағйири иқлим дар Париж дар соли 2015 имзо кардаанд. Ҳадафи ниҳоии нишаст, ин аст, ки кишварҳои ҷаҳон иҷоза надиҳанд, то ҳарорат дар курраи Замин аз 1.5 дараҷа болотар наравад, дар акси ҳол саёра дучори фалокатҳои азим мешавад.
Ҷо Байден гуфт, аз вазъ дар марзи Лаҳистону Беларус нигаронанд
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дар робита ба вазъ дар марзи Лаҳистону Беларус изҳори нигаронӣ кардааст, ки пайдо шудани ҷасад дар онҷо дар шаби гузашта, дигарбора хатар ба ҷони муҳоҷиронро нишон дод.
Ин муҳоҷирон аз кишварҳои саввум бо умеди вуруд ба Иттиҳодияи Аврупо ҷамъ омаданд ва ҳоло дар ҳавои сард зери осмони боз мехобанд.
Ҷо Байден рӯзи 12-уми ноябр ба хабарнигорон гуфт: “Ба андешаи мо ин мояи нигаронии бузург аст. Мо нигаронии худро ба Русия ва Белорус расондем. Ба фикри мо, ин як мушкил аст.”
Пештар аз ин, Камала Ҳаррис, муовини Ҷо Байден ҳангоми сафараш ба Фаронса низ ибрози нигарониаш дар марзи Белорус ва Лаҳистонро баён дошт ва Минскро ба он муттаҳам кард, ки муҳоҷиронро аз роҳи фиреб ба марз кашида ба Иттиҳоди Аврупо тела медиҳад. Сабаб ба қавли ӯ интиқом гирифтан барои таҳримотест, ки Иттиҳоди Аврупо ба зидди Александр Лукашенко ҷорӣ кардааст.
Чанде аз ширкатҳои ҳавоӣ гуфтанд, барои роҳ надодан ба сафари муҳоҷирон ба Беларус парвоз аз Туркия ба Минскро камтар мекунанд. Пулиси Лаҳистон гуфт, ки рӯзи 13-уми ноябр дар марз ҷасади як марди суриягиро пайдо кардааст. Аз замони оғози буҳрон дар марзи Беларус ва Лаҳистон 11 муҳоҷир дар инҷо ба ҳалокат расидаанд.
Радиои Озодӣ хотираи хабарнигори кушташудаашро гиромӣ дошт
Радиои Озодӣ хотираи хабарнигореашро, ки як сол пеш дар шаҳри Лашкаргоҳи Афғонистон кушта шуда буд, гиромӣ дошт.
Рӯзи 12-уми ноябри соли 2020 Муҳаммад Илёс Дойӣ, хабарнигори аршади бахши афғонистонии Радиои Озодиро дар наздикии манзили зисташ куштанд.
Ҷейми Флай, раиси Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ гуфт, «марги Муҳаммад Илёс Дойӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои фоҷеаборе буд, ки баъдан вазъият дар Афғонистонро тағйир дод”.
“Дойӣ қаҳрамони касби интихобкардаи худ буд ва ҳамчун намунаи беҳтарин барои Радиои Озодӣ боқӣ мемонад”,—гуфт ӯ.
Гиромидошти хотираи ин хабарнигор дар ҳолест, ки пас аз суқути Кобул ба дасти Толибон Радиои Озодӣ дафтарашро дар Кобул баст ва аксари кормандонаш тарки Афғонистон карданд.
Илёс Дойӣ 33-сола буд ва як духтар дошт.
Мақомот сабаби тасмими вайрон кардани осорхонаи Айниро шарҳ доданд. ВИДЕО
Ҳукумати шаҳри Душанбе гуфтааст, тасмими хароб кардани хона-музейи Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон ниҳоӣ нашудааст.
Пештар санадҳое дастраси Радиои Озодӣ шуданд, ки бар асоси он шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ин биноро вайрон карда, ашёи дохили онро ба ҷойи дигар бибарад. Чанде аз донишмандони тоҷик хоҳони ҳифзи ин ёдгорӣ шуданд.
Ҳукумати шаҳри Душанбе дар вокуниш ба ин рӯзи 12-уми ноябр дар сомонаи расмии худ хабар дод, ки “барои ба ҷойи муносиб кӯчонидану бунёди Хона-музейи наву замонавӣ, ҷавобгӯ ба талаботи муосир” ба Академияи илмҳо пешниҳод дода буд.
Дар ин посух гуфта мешавад, ки дар макони осорхона “бунёди ягон намуд бинову иншоот пешбинӣ нагардидааст ва хабарҳо оиди гӯё дар макони Хона-музей роҳандозӣ гардидани сохтмони меҳмонхона ё бинои таъиноти дигар, асоси воқеӣ надоранд.”
Дар посухи ҳукумати шаҳр далели пешниҳоди тахриби ин биноро сохтани “осорхонаи наву замонавӣ” дар ҷойи «муносиб» унвон кардаанд.
Посухе, ки зоҳиран аҳли илму адабро қонеъ накард ва онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ талаб доранд, ки хона-музейи Айнӣ дар ҳамон шакле ҳаст, боқӣ монад.
Аз ин пеш, муовини аввали шаҳрдори Душанбе, Амирхон Қурбонзода, 13-уми сентябри имсол аз раиси Академияи миллии илмҳо хостааст, “ҷиҳати кӯчондан ва ҷойгир кардани осорхона. мусоидат намоед.”
Дар нома гуфта шудааст, ки осорхонаи Садриддин Айнӣ дар кӯчаи Саид Носирии пойтахт “дар масоҳати 0,20 гектар ҷойгир аст”.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Бо Осорхонаи Айнӣ дар Душанбе чӣ кор мекунанд?
Феълан кор намекунад
Дар посух Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, навиштааст, “Академия мувофиқи мақсад медонад, ки аввал Осорхонаи нави Садриддин Айнӣ ба таври замонавӣ сохта шуда, сипас, нигораҳои осорхонаи мавҷуда ба он ҷо кӯчонда шавад.”
Ҳоло маълум нест, ки мақомот сохтмони осорхонаи нави Айниро дар нақша доранд ё не.
Таърихнигор Ғафур Шерматов тахриб ё кӯчонидани осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти нави кишварро сахт танқид кард. Вай гуфт: “Далелашро “Генплан” мегӯянд. Ин мероси фарҳангиву таърихӣ аст. Магар имкон дорад, ки хона-музейи Ғафур Ғулом ва Чингиз Айтматовро дар Тошканду Бишкек вайрон кунанд?” – пурсид ӯ.
Шерматов афзуд, замоне дар Самарқанд ба хотири бозсозии майдони Регистон хостанд, хона-музейи Садриддин Айниро дар он шаҳр вайрон кунанд, аммо дар пайи эътирозҳои зиёиён аз ин кор даст кашиданд.
Садриддин Айнӣ 15-уми апрели соли 1878 дар ноҳияи Ғиждувони вилояти ҳозираи Бухоро таваллуд шудааст. Вай президенти нахустини Академияи илмҳои Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик аст.
Моҳи сентябри соли 1998 бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Садриддин Айнӣ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд ва акси ӯ дар пули 5-сомонӣ ҷой гирифт.
Хонаеро, ки осори Садриддин Айнӣ дар он ҷо буд, вайрон мекунанд. ВИДЕО
Шарҳҳоро бинед (9)
Дар Тоҷикистон назар ба соли гузашта картошкаи бештар ҷамъоварӣ шудааст
Аврупо ва Амрико аз Белорус интиқод карданд
Рӯзи 11-уми ноябр дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ аснои арзёбии буҳрон дар марзи Беларус бо Лаҳистон, кишварҳои аврупоӣ ва ИМА амалкардҳои Минскро маҳкум карданд. Дар як изҳороти муштарак, ки баъди нишасти Шӯрои Амният нашр шуд, ИМА, Британия, Фаронса, Эстония, Ирландия, Норвегия ва Албания иброз доштанд, ки Минск барои татбиқи ҳадафҳои сиёсиаш, ҷони инсонҳоро дар хатар гузоштааст. Ба қавли ин кишварҳо, худи Александр Лукашенко таҳдид ба назму суботи минтақа шудааст.
Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, Минск ҳадафмандона муҳоҷирон аз Ховари Миёна ва Африқоро ба Беларус даъват намуда, сипас барои интиқомҷӯйӣ дар муқобили таҳримҳои аврупоӣ, онҳоро ба марзи Беларус бо Полша, Литва ва Латвия ирсол намудааст. Дар изҳороти муштарак чизе дар бораи Русия-ҳампаймони асосии Беларус зикр нашудааст. Қабл аз Ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ, Русия доштани нақш дар ирсола муҳоҷирон ба марзи Беларус бо Иттиҳоди Аврупоро рад карда буд. Ду рӯз пеш ба нишони дастгирӣ аз Беларус ҳавопаймоҳои ҷангии дорои силоҳи ҳастаии Русия дар ҳарими ҳавоии ин кишвар парвоз карданд.
Раиси вилояти Алмато низои «байниқавмӣ»-ро дар Пиҷим рад мекунад
Раиси вилояти Алматои Қазоқистон гуфт, низоъ дар деҳаи Пиҷими қазоқнишину уйғурнишин дар заминаи хусумати қавмӣ сар назадааст. Ба гуфтаи раиси вилоят, афроде пайдо шуданд, ки аз занозании хонандагони мактаб истифода бурда, «тартиботи оммавиро вайрон кардаанд».
Аммо намояндаи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон Асет Оспанов пештар гуфта буд, ки низоъ дар заминаи «хусумати қавмӣ» сар задааст.
Занозании хонандагон рӯзи 27 откябр дар деҳаи Пиҷим рух дод. Вале дар натиҷи низои шабона байни сокинон як марди 53-сола маҷруҳ шуд. Инчунин як гуруҳи одамон шишаи чанд манзилу мошинро шикастанд.
Пулиси вилояти Алмато бо моддаҳои «барқасдона расонидани зарар ба молу мулки ғайр» ва «авбошии гуруҳӣ» парванда боз кардааст.
Мақомоти Қазоқистон низоъҳои байниқавмиро эътироф намекунанд. Фоҷиабортарин низои қавмӣ дар Қазоқистон моҳи феврали соли 2020 дар ноҳияи Кордайи вилояти Ҷамбил миёни қазоқҳо ва дунганҳо рух дод. Он замон 11 кас кушта, бештар аз 50 тани дигар маҷруҳ ва 25 манзил, 30 иншооти ёрирасон ва 40 мошин хароб карда шуд.
Ректори донишгоҳи Ӯшро барои ҷалби донишҷӯён ба чорабинии ҳизбӣ аз кор ронданд
Як қатор мақомдорони Қирғизистон барои вайрон кардани қонун дар бораи маъракаҳои пешазинтихоботӣ дар он кишвар аз мақом барканор шуда, чандин тани дигар танбеҳ гирифтаанд.
Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров 9-уми ноябр хабар дод, ки ректори Донишгоҳи давлатии вилояти Ӯш Кудойбердӣ Кожобеков, декани факултети омӯзгории донишгоҳ Бакитбек Муродбоев ва се омӯзгори факултети мазкур барои нақзи қонунҳо ва иҷро накардани фармони президент аз кор ронда шуданд.
Ҳамчунин вазири маорифи Қирғизистон Болотбек Купешев ва шаҳрдори Ӯш алмос Мамбетов танбеҳ гирифтаанд.
Омӯзгорони факултети омӯзгории Донишгоҳи Ӯш ҳафтаи гузашта, донишҷӯёнро ба як чорабинии ҳизбӣ дар майдони марказии шаҳр бурда буданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯш ин қазияро таҳқиқ карда, гуфтанд, донишҷӯён ба раванди таблиғотии ҳизбӣ ҷалб шудаанд.
Дар Қирғизистон 28-уми ноябр интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Маъракаҳои пешазинтихоботӣ дар он кишвар 29-уми октябр оғоз шуданд.
Қурби доллар дар бонкҳои Узбекистон боло рафт
Чандин бонки Узбекистон 11-уми ноябр қурби доллари амрикоиро боло бурдаанд. Бонкҳои тиҷории Узбекистон ҳоло 1 долларро 10 710 сӯм мехаранд ва онро 10 770 сӯм мефурӯшанд. Ин баландтарин қурб дар давоми чанд рӯзи ахир гуфта мешавад.
Қурби доллар дар Узбекистон бори ахир 16-уми сентябри соли равон боло рафта, як доллар ба 10 760 сӯм баробар шуда буд. Вале дерта дубора поин рафт.
Дар гузориши Палатаи ҳисоби Узбекистон дар бораи лоиҳаи буҷаи нав гуфта шудааст, ки интизор меравад дар соли нав қурби 1 доллар то ба 11300 сӯм боло равад.
Ба уйғуртаборе, ки ҳаққи иқомат дар Қазоқистонро дошт, ихроҷ ба ватан таҳдид мекунад
Хадамоти муҳоҷирати вилояти Павлодари Қазоқистон 10-уми ноябр иҷозатномаи зисти муваққати шаҳрванди уйғуртабори Чин Смайил Абулқосимро бозпас гирифтааст ва ҳоло ба ӯ ихроҷ ба ватан таҳдид мекунад.
Ба гуфтаи вакили дифои уйғуртабор Олмагул Бахранилова 10-уми ноябр ба маҳалли кори шахси зери ҳимояи ӯ нозири минтақавӣ омада, ӯро ба хадамоти муҳоҷират бурдааст.
Нозири минтақавӣ санадеро ба Смайил Абулқосим нишон додааст, ки дар он гуфта мешавад, мутахассисони хадамоти муҳоҷирати шаҳри Нурсултони Қазоқистон ҳангоми додани иҷозатнома ба ӯ иштибоҳ кардаанд.
Дар натиҷа мутахассисоне, ки дар асоси «ба поён расидани муҳлати раводид (виза)-и уйғуртабор ба вай иҷозатномаи зист додаанд, ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.
Вакили дифои Смайил Абулқосим бозхонд шудани иҷозатномаи шахси зери ҳимояашро ғайриқонунӣ меномад.
Покистон аз абарқудратҳо хост, ба Афғонистон кумак кунанд
Мулоқоти намояндагони Амрико, Русия ва Чин дар бораи Афғонистон бо мизбонии Покистон рӯзи 11-уми ноябр дар шаҳри Исломобод оғоз шуд.
Вазири корҳои хориҷии Покистон хоҳони гуфтугӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо «Толибон» шуд ва ҳушдор дод, то ба ин кишвари ҷангзада ҳарчӣ зудтар кумакҳои башарӣ ироа шавад.
Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ дар оғози нишаст гуфт, «ҳеч кас намехоҳад шоҳиди бозгашти дигарбора ба ҷанги дохилӣ бошад, ҳеҷ кас хоҳони фурӯпошии иқтисодӣ нест, ки сабаби ноамнӣ шавад. Ҳама мехоҳанд, ки бо унсурҳои террористии фаъол дар дохили Афғонистон ба таври муассир мубориза бурда шавад ва ҳамаи мо мехоҳем, аз як буҳрони нави муҳоҷират пешгирӣ кунем.»
Дар нишасти «сегона+» ҳамчунин намояндаи нави Амрико дар умури Афғонистон, Томас Вест, иштирок дорад.
Дар қисмати охири рӯзи 11-уми ноябр интизор меравад, дипломатҳои Амрико, Русия ва Чин бо сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати «Толибон» Амирхон Муттақӣ, ки дар раъси як ҳайати 20-нафарӣ дар Исломобод қарор дорад, мулоқот кунанд.
Ниҳодҳои кумакрасон ва гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башар ҳушдор додаанд, ки баъди ба қудрат расидани «Толибон» дар миёнаҳои моҳи августи имсол, Афғонистон дар ҳоли рӯбару шудан ба як буҳрони инсонист.
Иқтисоди Афғонистон бинобар қатъи кумакҳо ва маҳдудиятҳои ҷоришуда бар низоми бонкӣ аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ, ки режими «Толибон»-ро бинобар нодида гирифтани ҳуқуқи занон ва ҳамчунин ҳамашумул набудани ҳукумат ба расмият намешиносад, дучори рукуд шудааст.
Покистон аз Амрико ва кишварҳои дигар даъват кард, то иҷоза диҳанд, ба ҳадафи пешгирӣ аз суқути иқтисоди Афғонистон, кумакҳо ба ин кишвари ҷангзада сарозер шаванд.
Ин кишвар ҳамчунин хостааст, миллиардҳо доллар дороиҳои Бонки марказии Афғонистон, ки дар хориҷи кишвар дар ихтиёр дорад, озод карда шавад.
Мулоқоти рузи 11 ноябр охирин ҳамоиши ҷиддии дипломатӣ дар минтақа буд. Ҳинд як руз пеш мизбони нишасти амниятӣ дар бораи Афғонистон буд. Ширкатдорон хостори ҳамкорӣ барои табдил нашудани дубораи Афғонистон ба паноҳгоҳи амни терроризми ҷаҳонӣ шуданд.


























